Чанде пеш ҷоизаи “Нахли тиллоӣ”-и 78-умин ҷашнвораи синамоии Канн ба филми “Як тасодуфи сода”-и Ҷаъфар Паноҳӣ, филмофари маъруфи эронӣ тақдим гардид. Ин филмсози эронӣ, ки дар гузашта дар кишвараш мавриди таъқиб аз сӯйи ниҳодҳои давлатӣ қарор дошт, бори нахуст дар ин ҷашвора шахсан ширкат варзид.

Маросими тақдими ҷоизаҳо рӯзи 24-уми май дар шаҳри Канни Фаронса доир шуда, Кейт Бланшетт, бозигари маъруф ин ҷоизаро ба Паноҳӣ тақдим кард.

Ҳангоми дарёфти ҷоиза Ҷаъфар Паноҳӣ аз эрониҳо даъват кардааст, ки “ихтилофҳоро канор гузоранд ва барои озодии Эрон талош намоянд”. Ҷаъфар Паноҳӣ кист ва дар филмаш чиҳоро ба тасвир кашидааст?

 

Сужаи филм чӣ гуна аст ва чӣ паём дорад?

“Як тасодуфи сода” филми 11-уми Ҷаъфар Паноҳӣ ва дар ҳамин ҳол, аввалин филми ӯ баъди қариб 15 сол аст, ки шахсан дар ҷашнвораи Канн муаррифӣ намуд. Гуфта мешавад, ки ин филм бе иҷозати расмӣ дар Эрон ба навор гирифта шудааст. Синамогарон аз ин филм ба унвони “триллер”-и сиёсие ном бурдаанд, ки дар бораи собиқ маҳбусони сиёсӣ, ки имкони интиқомгириро пайдо кардаанд, нақл мекунад ва ҳар як ҷумлае, ки дар нутқи қаҳрамонон истифода шудааст, метавонад ба “моддаҳои ҷиноӣ” рабт гирад.

Филм бо саҳнаи муассире оғоз гардидааст, ки минбаъд низ бо он рамзбандӣ мешавад. Марде пушти фармони мошин нишаставу дар паҳлӯяш зани ҳиҷобпӯше, ки дар охирин марҳилаи ҳомиладорӣ қарор дорад ва дар ҷойи нишасти пушт духтараке парешон. Ӯ аз мард хоҳиш мекунад, ки садои мусиқиро баландтар кунад, аммо ҳамин лаҳза садои зарбаи ногаҳонӣ шунида мешавад.

Ин саге буд, ки ба мошин бархӯрду ҷон бохт. Духтарак афсурда мешавад ва модараш ӯро таскин медиҳад, ки “ин хости Аллоҳ буд”. Духтарак бошад суол мекунад, ки  “сагро падарам кушт, чӣ рабте ба Аллоҳ дорад?”. Ин саҳна бо вайрон шудани мошин ва кумакхоҳии падари ӯ аз марди ношиносе ба поён мерасад.

 

Лаҳзае аз филми "Як тасодуфи сода"
Намогирифт

Аммо мардро, ки пойи сунъӣ дошт, нафари дигаре наззора мекард. Субҳи рӯзи дигар ин марди ношинос, ки Воҳид ном дорад, марди маъюбро дар назди хонааш интизор шуда, мерабояд.

Воҳиб собиқ зиндонӣ буда, бо гумони он ки марди маъюб ҳамон шахсест, ки замони ҳабс шиканҷааш дода, зиндагиашро вайрон карда буд, ӯро мерабояд ва дар пайи тасдиқи дигар зиндониёни собиқ аст, то мутмаин шавад, ки ӯ воқеан ҳамон шиканҷакор аст ва баъдан қарор гирад, ки бо ӯ чӣ кор кунад. Ҳар яке аз онҳо – фурӯшандаи китоб, хабарнигори пешин, арӯс дар тӯй ва духтур нишонаҳои “ҷаллод”-ро ба ёд меоранд, зеро ҳамаашон бо чашмбанд ӯро дида буданд. Ҳоло ӯро низ бо чашмбанд бастаанд ва бояд қарор қабул кунанд, ки ӯро бикушанд ё бубахшанд.

Филм пур аз гардишҳои ногаҳонӣ буда, масоили гуногунро матраҳ мекунад, аз ҷумла инкору тасдиқи вуҷуди Худо, қаҳҳор ё меҳрубон будани ӯ ва амсоли ин.

Ба навиштаи синамошиносон, оғози филм - саҳнае, ки бо саг рух дод, ҳарчанд ҳодисаи одиеро тасвир мекунад, бо ҷараёни филм пайвастагии амиқ дорад ва дар лаҳзаҳои калидӣ саг пайдо мешавад. Гуфта мешавад, ҳар чизи ҳатто кӯчак дар филми ин коргардон мазмуну мухотаб дорад.

 

Кейт Бланшетт, Ҷаъфар Паноҳӣ ва Ҷулйет Бинош
Stephane Cardinale - Corbis/Corbis via Getty Images

 

Вокунишҳо ба ҷоизаи “Нахли тиллоӣ” ва даъвати намояндагии Фаронса дар Теҳрон

Ба Ҷаъфар Паноҳӣ тақдим гардидани ҷоизаи “Нахли тиллоӣ” дар ҷашнвораи Канн вокунишҳои зиёди мақомдорону синамогаронро ба бор овард. Аксари расонаҳо вобастагии шадиди ин ҷашнвораро аз сиёсати рӯз таъкид карда, навиштаанд, ки ин бор он фазоеро барои матраҳ кардани иддаоҳои зиддиэронии ҷанҷолбарангез ва ибрози мавқеъгириҳои зиддиэронӣ фароҳам овард.

Хабаргузории “Мизон”-и Эрон дар вокуниш ба дарёфти ҷоиза навишт, “Ҷашнвораи синамои Канн дар соли 2025 бори дигар ба майдони намоиши сиёсатбозӣ ва сиёсатзадагии ташкилкунандагони он табдил ёфт, то шубҳаҳо дар бораи табиати сиёсӣ ва поймолкунандаи ҳуқуқи башар будани он аз байн равад”.

Дар ин баробар, баъзеҳо бар ин гумонанд, ки ҷоизаҳои Паноҳӣ дар Ғарб танҳо ба сабаби эътирозҳояш ба сиёсати расмии Эрон аст ва беш аз арзиши ҳунариаш баҳсҳои сиёсиро дар атрофи худ эҷод кард. Ҳамзамон худи Паноҳӣ пас аз дарёфти ҷоиза аз ҳамаи эрониёне, ки “барои озодӣ ва арзишҳои инсонӣ талош мекунанд, хоҳиш кардааст, ки ҳама ихтилофҳоро канор гузоранд”.

“Имрӯз ваҳдати кишвари мо муҳим аст. Биёед ба сӯи озодӣ ҳаракат кунем, ба он ҷое, ки дигар касе ба мо нагӯяд, чӣ пӯш, чӣ напӯш, чӣ кун, чӣ накун. Ва дар синамо, ки ишқи мост, касе ба мо нагӯяд чӣ бисозу чӣ насоз”, - гуфтааст Паноҳӣ.

Ба навиштаи расонаҳо, нуқтаи авҷи ин мавқеъгириҳо суханони Жан-Ноэл Барро, вазири корҳои хориҷии Фаронса буд, ки пас аз муваффақияти филми Паноҳӣ дар шабакаи X (Твиттер) навишт, ки “Ҷаъфар Паноҳӣ барандаи “Нахли тиллоӣ” шуд, ки ин рамзе аз муқовимат алайҳи саркӯби режими Эрон ва нуре аз умед барои ҳамаи муборизони озодӣ дар саросари ҷаҳон аст”.

 

Ҷараёни кори Ҷаъфар Паноҳӣ
Акс аз сомонаи film.ru

Дар пайи ин, Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба далели “изҳороти таҳқиромез ва матраҳ кардани иддаоҳои беасоси вазири хориҷии Фаронса зидди Ҷумҳурии Исломии Эрон” намояндаи Фаронса дар Теҳронро ба ҳузур хондааст.

Ҳамчунин баъзе аз чеҳраҳои матраҳи Эрон низ ҷоизаи Паноҳиро истиқбол карда, ӯро бо ин дастовард табрик гуфтаанд.

Аз ҷумла, Шоҳзода Ризо Паҳлавӣ, валиаҳди собиқи Эрон дар шабакаи Твиттер (X) ба Ҷаъфар Паноҳӣ чунин навишт: “Касби ҷоизаи “Нахли тиллоӣ” дар Канн фахри бузурге на танҳо барои шумо, балки барои кишвари мо –Эрон аст. Орзумандам рӯзе бирасад, ки шумо ва тамоми синамогарони эронӣ битавонанд дар дохили кишвари худ озодона ва бе ҳеҷ гуна мамнуият ва сензура филм бисозанд”.

Наргис Муҳаммадӣ, барандаи ҷоизаи Нобели сулҳ низ дар шабакаи X навиштааст, “ӯ бо як садамаи одӣ не, балки бо талоши хастанопазир дар амиқ кардани мафҳумҳои инсонӣ ва ҳуқуқи башар ба ин мақоми баланд расидааст”. Ӯ ин ҷоизаро ба миллати Эрон ва ба Ҷаъфар Паноҳӣ табрик гуфтааст.

Вале гурӯҳи дигаре ҷоизаҳои дигари Паноҳиро дар Берлину Венетсияву дигар кишварҳо ёд меоранд, ки мавқеи сиёсӣ доштани ин ҷоизаро як андоза инкор карда, арзиши ҳунарии онро таъкид мекунад.

Дар наворе дида мешавад, ки Ҷаъфар Паноҳӣ пас аз дарёфти “Нахти тиллоӣ” дар Канн ба Эрон баргаштааст ва ӯро ҳамкорону дӯстонаш ботантана истиқбол гирифтаанд.

 


 

Маъруфтарин маҳбуси сиёсӣ дар синамо

Ҷаъфар Паноҳӣ, коргардони маъруфи эронӣ соли 2010 ба 6 соли зиндон маҳкум шуда буд. Паноҳиро барои кӯшиши сабти интихоботи президентӣ ба “таблиғоти зиддидавлатӣ” муттаҳам донистанд. Бар замми шаш соли зиндон, ӯро 20 сол аз филмбардорӣ, навиштани филмнома, оростани мусоҳиба ва берун рафтан аз кишвар низ манъ карданд.

Эътирози ҷомеаи ҷаҳонӣ ва пуштибонии чеҳраҳои саршиноси синамо мақомоти Эронро водор кард, ки ҳукмро бозбинӣ кунанд. Ду моҳ пас аз эълони ҳукм ҷазои зиндон ба ҳабси хонагӣ табдил дода шуд. Паноҳӣ фурсатро ғанимат дониста, фавран “қонуншиканӣ” кард ва аллакай соли 2011 дар Канн филми наве бо номи тамсилии “Ин филм нест” намоиш дода шуд, ки дар хонааш наворбардорӣ шуда буд. Гуфта мешавад, сабти он махфиёна дар дохили ширинӣ аз марз гузаронида шудааст.

Ҷаъфар Паноҳӣ баъди он боз чаҳор филм офаридааст, ки гуфта мешавад, сетои он сазовори ҷоизаҳо гардидааст.

Ҷаъфар Паноҳӣ аввалин филми худро бо роҳбарии Аббос Киёрустамӣ бо номи “Тӯби сафед” ба саҳна овардааст. Бояд гуфт, Аббос Киёрустамӣ бо филми  “Таъми гелос” аввалин ҷоизаи “Нахли тиллоӣ”-ро ба синамои Эрон оварда буд ва ҷоизаи Ҷаъфар Паноҳӣ дар ин радиф дуюмин аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.