Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия пас аз беш аз 2 соат суҳбати телефонӣ, тавофуқ кардаанд, ки музоқирот миёни Русия ва Украина барои хатми ҷанг бидуни таъхир оғоз гардад ва ҳарду кишвар ёддошти тафоҳум имзо кунанд.
Суҳбати телефонии онҳо шоми дирӯз, 19-уми май, сурат гирифт ва ба иттилои ҷониби Русия беш аз 2 соат идома кард.
Чанд дақиқа баъди анҷоми суҳбати телефонӣ Путин ба ҳузури рӯзноманигорон баромад ва изҳор дошт, ки “сӯҳбат муфид, пурмӯҳтаво ва боз буд”.
“Ман ба Доналд Трамп барои дастгирӣ дар барқарор кардани музокироти мустақим изҳори сипос кардам. Вай мавқеи худро дар робита ба истиқрори оташбас иброз дошт. Ман зикр кардам, ки Русия ҷонибдори ҳаллу фасли сулҳомез мебошад. Мо бояд роҳҳои муассири расидан ба сулҳро муайян кунем”, - зикр кард Путин.
Ӯ ҳамчунин таъкид намуд, ки бо раисҷумҳури Амрико тавофуқ кардаанд, то Русия барои таҳияи ёддошти тафоҳум ва эҳтимол созиши оташбас бо Украина, пас аз расидан ба мувофиқаи зарурӣ, омода аст.

Чанд соат баъди ин суҳбат Доналд Трамп ҳам тамоси телефонии худ бо Владимир Путинро шарҳ дод ва онро “бисёр хуб” арзёбӣ кард.
Ӯ дар саҳифаи худ дар “Truth Social” навишт, Русия ва Украина фавран музокирот барои расидан ба оташбасро оғоз хоҳанд кард ва муҳимтар аз он, барои поён додан ба ҷанг талош хоҳанд намуд”.
“Шартҳо байни ду тараф мувофиқа мешаванд ва танҳо онҳо ҷузъиёти онро медонанд... Русия мехоҳад пас аз поёни ин “ҳолати фоҷеабори хунин” бо Амрико тиҷорати васеъ дошта бошад ва ман бо ин розӣ ҳастам. Украина низ метавонад аз тиҷорат дар раванди барқарорсозии кишвар манфиати калон бигирад. Музокирот байни Русия ва Украина фавран оғоз меёбанд. Ман президенти Украина Владимир Зеленский ва роҳбарони кишварҳои НАТО-ро дар ин бора огоҳ кардам. Ватикан омода аст макони баргузории музокирот шавад. Бигзор раванди сулҳ оғоз ёбад!”, - зикр кард Трамп.
Ёдовар мешавем, ки ин суҳбати сеюми телефонии Доналд Трамп ва Владимир Путин аст. Пештар низ онҳо ояндаи сулҳ дар Украинаро баррасӣ карда буданд. Ҳамчунин, дар ин гуфтугӯҳои телефонӣ, барқарорсозии равобити тирагаштаи Русияву Амрико баррасӣ шуда буд.
“Бешаҳои Эрон шеронро мепарварад”. Ва ё чаро истод шудан ҳаққи Эрон аст?
Додгоҳҳои Тоҷикистон соли гузашта ба буҷети кишвар беш аз 125,6 миллион сомонӣ ворид кардаанд
Ҳамовозӣ бо дифоъ аз кишвар ва дарки зарурати амалиёт. Тасвири вазъ аз сӯи рӯзноманигорони тоҷики муқими Эрон ва Исроил
$100=990 сомонӣ. Коҳиши дубораи қурби доллар нисбат ба сомонӣ
Эълони оташбас миёни Исроил ва Эрон
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Рӯзи ваҳдати миллӣ ба ВМКБ меравад
Дархост барои раводиди Амрико. Қариб ба нисфи аризаҳо аз Тоҷикистон посухи рад дода шудааст
Тафтиши парвандаи гумонбарони ҳамла ба “Крокус” ба анҷом расидааст
Шавкат Мирзиёев духтараш Саида Мирзоёеваро роҳбари Дастгоҳи президент таъин кард
Владимир Путин гуфт, талош мекунад ба мардуми Эрон кумак намояд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста